
|
|
Назарсанҷӣ
|
|
Сиёсатмадори бадтарин
|
|
| Ашрофзода шуданро орзу накунед!зеро он дар хуни Шумо нест | | Чанде пеш телевизионҳои маҳаллӣ ва дискфурушони кўчаву бозорҳои ҷумҳурӣ филми бисёрсериягӣ ё ба қавли русҳо «мылная опера»-и «Беҳуда хорам мекунӣ»-ро ба маърази тамошо пешкаш намуданд. Берангтарин ва аз лиҳози сужавиву мантиқӣ бадтарин сериалро дар умрам надида будам, гарчанде ки шумораи филмҳои дидаам беш аз ҳазор мебошад. Аммо, дар мақолаи мазкур намехоҳам оиди бурду бохт ва нуқсонҳои сериали «Беҳуда хорам мекунӣ» таҳқиқе анҷом диҳам, чунки лоиқ нест ва он ба ягон танқид ҷавобгў нест. Аз ин лиҳоз намехоҳам вақтро беҳуда хор кунам.
...... |Идома |
| Салла гўӣ, калла меорем мо | | Ба назар чунин мерасад, ки дар мақомоти поёнии ҳукумати кишвар афроде кору фаъолият мебаранд, ки салла биёвар гўӣ, калларо ҳамроҳи салла меоранд. Амали иҷборан ба дўши мардум бор кардани хариди саҳмияҳоро метавон бад-ин мисол шабеҳ доду мушоҳида кард. Зеро сарвари кишвар даҳҳо маротиба эълом дошт, ки хариди саҳмияҳо на иҷборӣ, балки бояд довталабона сурат бигирад. Аммо таври маълум ин гуфтаи президент ҳеҷ маҳал аз ҷониби мақомоти поёнӣ иҷро намешавад ва бешак амали зимомдорони поёнӣ дар бобати иҷбории фурўши саҳмия поймол кардани сиёсати аввалчеҳраи кишвар аст.
...... |Идома |
| Шаҳр бояд шаҳрдор дошта бошад на хоҷагидор | | Шаҳрдори ҳақиқӣ ҳамеша дар фикри мутобиқи талабот ва мўътадил фаъолият кардани хадамоти шаҳрӣ, ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоии шаҳрвандон ва ҳатто аз кор намондани чароғакҳои раҳнамо ё светофорҳо бояд бошад, на дар фикри масоили сиёсӣ ва ташкилу тадвир кардани маъракаи интихобот ва «гузарониданӣ» номзад ба вакилии парламент аз ин ё он ҳизб.
...... |Идома |
1 2
|
|