
|
|
Назарсанҷӣ
|
|
Сиёсатмадори бадтарин
|
|
| Кўдакон ба Зуҳуров суруди «раиси парлумон бимонӣ» - ро хонданд | | Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар рўзи 28 феврали соли ҷорӣ ба моли таърихи миллат табдил мешавад. Дигар Маҷлиси намояндагони нав ҷаласаи худро баргузор ва раиси худро интихоб кард. Вале натанҳо аҳзоби сиёсии мухолиф аст, ки аз натоиҷи ин интихобот норозист. Афроди алоҳида, сиёсатмадорони шинохтае низ ҳастанд, ки мегўянд ин интихобот пур аз фиреб буд. Яке аз чунин сиёсатмадорон Давлати Усмон-аз роҳбарони пешини Иттиҳоди оппозисияи тоҷик ва вазири собиқи иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аст, ки аз ҳавзаи интихоботии Рашт вориди ин корзор шуда буд. Як нуктаи ҷолиб ин аст, ки ў замоне рақиби Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ буд.
...... |Идома |
| ЭРОНФУРЎШӣ:Ҳолбрук барои чӣ ба Душанбе омад? | | Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Покистону Афғонистон ҳафтаи гузашта вориди Душанбе шуд ва бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мулоқот кард. Ҳолбрук баъд аз мулоқот ба хабарнигорон гуфт, ки фақат як изҳорот хоҳад дод ва ба суолҳо посух нахоҳад гуфт. Вай гуфт, мавзўи сўҳбаташ бо раисҷумҳури Тоҷикистон вазъи Осиёи Марказиву Тоҷикистон, бунёди боз як пул рўи дарёи Аму миёни Афғонистону Тоҷикистон, хатти барқи CASA – 1000, масоили обу энержӣ, бахусус истифодаи захираҳои Тоҷикистон барои ҳалли бўҳрони обу энержӣ дар дигар қисматҳои минтақа, бахусус Покистону Ҳиндустон будааст. Ҳамчунин ўро Радиои Озодӣ иқтибос мекунад: «Аз лиҳози қавмӣ, ҷуғрофӣ ва стратегӣ Тоҷикистон кишвари фавқулодда муҳим аст, агар кас як Афғонистони орому осоиштаро дидан хоҳад».
...... |Идома |
| Эрон чист? | | Гуфтаниҳо дар ҳошияи сафари Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти Эрон ба Душанбе
...... |Идома |
| Амир Қарокулов: Мо ҳизби киссагӣ нестем! | | Ҳизби аграрии Тоҷикистон соли 2005 як соли пеш аз интихоботи ахири президенти Тоҷикистон таъсис ёфт. Номзади ин ҳизб дар мубориза барои ишғоли курсии президентӣ дар қатори чаҳор намоянда аз ҳизбҳои дигар вориди ин сабқат шуд. Академик Амир Қарокулов-раиси ин ҳизб, ки он замон ба ҳайси ноиби президенти АУ кишоварзии Тоҷикистон фаъолият дошт ва новобаста аз он ки дар саҳнаи сиёсии кишвар як шахсияти ношинохта буд дар ин интихобот наздик ба 200 ҳазор раъйи интихобкунандаҳоро ба даст овард.
...... |Идома |
1 2 3 4
|
|