
|
|
Назарсанҷӣ
|
|
Сиёсатмадори бадтарин
|
|
| Қадами номубораки Маҳмуд Худойбердиев |
Воқеаҳои хунини моҳи ноябри соли 1998 рўй додаро касе аз хотир набаровардааст ва нафаре ба фаромўш кардани он ҳақ надорад, зеро он вақт масъалаи вуҷуд доштани Тоҷикистон ба миён омада буд. Он ба ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бояд дарс шавад донад, ки дар ғафлат монад, ҳушёриро аз даст диҳад ба сараш душвориҳо мехарад…
Дастаи қариб ҳазорнафараи Маҳмуд Худойбердиев, ки бо яроқхои замонавии ҷангӣ мусаллаҳ буд, пиёда аз мавзеи Қашқасу ва ағбаи Қумбел гузашта, нисфи шаб ба ағбаи Шаҳристон расид. Ошўбгарон он ҷо ба даҳ мошини «КамАз» ва даҳ мошини сабукрав савор шуданд. Даста аз даҳ ротаи тирандоз, взводҳои минамётчиёну огнемётчиён, зенитчиён ва алоқа, як ротаи разведка ва ғайра иборат буд. Гурўҳи якум, ки беш аз 400 нафар сарбоз дошт ва ба он Маҳмуд Худойбердиев сарвару сардори ситодаш полковник Карим Маҷидов буд, ба самти шимол, сўйи маркази вилояти Суғд равон шуд. Гурўҳи дуюми қариб дусаднафара, ки аз ду ротаи тирандоз ва ротаҳои муҳандисию сапёрӣ иборат буд, таҳти роҳбари подполковник Сергей Зваригин ба самти ноҳияи Айнӣ равон гашт ва чанде пас роҳи калони Душанбе-Хуҷандро то ағбаи Анзоб зери тасарруфи худ гирифт…
Қўшунҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон садди роҳи даста шуд ва дастаро қисман торумор кард, гурўҳи ба воситаи ноҳияҳои Айнӣ ва Спитамен ба Ҷумҳурии Ўзбекистон фирор намуд, гурўҳе дар ҳудуди ҷумҳурӣ пинҳон гашт.
Ошўбгарон ба хоҷагии халқи Тоҷикистон зарари калон расониданд, 160 нафар ҳалок, 500 нафар ярадор гаштанд, 102 хона вайрон шуд. Зарари модии ошўбгарон расонда аз 8 миллиард рубл гузашт…
Ҳоло Маҳмуд Худойбердиев дар куҷо ва ба чӣ машғул аст? Чаро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст?
Имрўзхо полковники ошўбгар зери ҳимояи баъзе қувваҳо дар Ҷумҳурии Ўзбекистон зиндагӣ ва фаъолият дорад. Барои вай дар он ҷо шароит фароҳам овардаанд ва имкон додаанд, ки алайҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҳои мусаллаҳ тайёр кунад. Дастаҳо вақтҳои охир фаъолияташонро ҷоннок намуда, ба нияти ғасби ҳокимияти давлатӣ, амалиётҳои террористӣ мегузаронанд ва ба амнияти Тоҷикистон таҳдид мекунанд.
Қароргоҳҳои Маҳмуд Худойбердиев мувофиқи номи маҳалаш «Зевар», «Занбек», «Юлдузча», «Тамшум», «Қуштун», «Шоҳимардон» ва ғайра номгузорӣ шудааст. Қароргоҳи ҳарбии «Занбек», «Таншум», «Қуштут» ва «Зевар» дар қаламрави вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон ҷой гирифтанд. Вай дар қароргоҳҳояш шаҳрвандони Тоҷикистону Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ҷалб намуда, барои ҳуҷум ба кишвари мо тайёрӣ мебинад.
Дар ин бора ва баёноти сарбозони собиқи полковники ошўбгар Маҳмуд Худойбердиевро дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи «Фараж» мутолиа хохед кард.
Бо мо бошед, хонандагони азиз!
|
|
|