|
Назарсанҷӣ
|
|
Сиёсатмадори бадтарин
|
|
А
Б
В
Г
Ғ
Д
Ё
Ж
З
И
К
Қ
Л
М
Н
О
П
Р
С
Т
У
Ӯ
Ф
Х
Ҳ
Ҷ
Ч
Ш
Я
Ю
Э
 Бузургмарде аз Ванљ Илми тоҷик аз қадимулайём бо шахсиятҳои волову нотакрори худ обрўву шаъну шарафи худро соҳиб гардида буд. Дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти кишвар имрўз низ чунин шахсиятҳо бо заковатмандиву хиради волои худ парчамбардори илму миллат гардидаанд. Навовариҳову офаридаҳои ҷолиби ин гуна олимон дар ҳама давру замон боис ба фахр асту таҳсин.
Хоса, дар фазои илми геологияи тоҷик чунин шахсиятҳову чунин хирадмандону олимони закї кам нестанд. Ва ҳар яке дар соҳаи худу дар самти илмии худ тавониста, ки то ҷое ба комёбиву дастоварде ноил гардад.
Яке аз чунин шахсиятҳо ва инсони фозилу донандаи касби хеш номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсенти кафедраи минералогия ва петрографияи ДДМТ Кабуд Вазиров ҳастанд. Ин инсони аҷиб ва олими закї парвардаи деҳаи Рохарви Ванҷзамин аст. Чї мардуми деҳа ва чї аслу авлоди ин шахси мўътабар натанҳо дар Ванҷзамин балки дар ҳудуди вилояти Кўҳистони Бадахшон соҳибобрў буданду соҳибҳурмат. Ва Кабуди ҷавон низ аз чунин оила ба воя расидаву сўи қуллаи мурод аз ин деҳи кўчак умед баст. Ва дар ҷустуҷўйи илму дониш пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёна роҳ сўйи боргоҳи илму маърифат- шўъбаи геологияи факултаи илмҳои табиатшиносии УДТ ба номи В.И. Ленин (имрўза, ДДМТ, муаллифон) пеш гирифт. Чун солҳои кўдакї дар мактаби миёна Кабуд дар ин даргоҳи маърифат низ хеле чусту чолок ва чақон буд. Доим кўшиш менамуд, ки аз устодони худ чизе баҳра гирад, сабақ омўзад, донишу малакаи хешро баланд бардорад. Ин буд, ки ў соли 1961 шўъбаи геологияро бомуваффақият хатм намуд. Ва кордониву зиракї ва чусту чолокии ин ҷавони деҳотиро ба назар гирифта, ўро пас аз хатми ин боргоҳи маърифат ба кафедраи минералогия ва петрография ба кор мегиранд. Кабуд Вазиров дар як вакт дар факултаи географияи ДДОТ ба номи С.Айнї аз фанни геология ба донишҷўён нозукиҳои илми геологияро меомўзонд. Пас аз чанде баҳри тақвият додани малака ва савияи дониш Кабуд Вазировро ба шўъбаи аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон тавсия медиҳанд. Ва Кабуд Вазиров низ кўшиш мекард, ки доим илм омўзаду аз асрори кўњњои хомўши мо чуќуртар бархурдор гардад. Ин буд, ки К. Вазиров тањти роњбарии яке аз шахсиятњои номдору варзидаи соња академики Академияи илмњои Русия В.П.Федорчук омўзиши мавзеи маъданноки Кончочи Тоҷикистони марказиро њадафи илмии худ ќарор медињад. Ва оид ба ин мавзеъ тањти номи «Таѓйиротњои ҷинсњои кўњии мудохилакунандаи таркишњои сурмаву симоби кони Кончоч» рисолаи илмии номзадии худро бо сари баланд дифоъ менамояд. Њама натиҷањо ва дастовардњои илмии худро оид ба ин мавзеи маъданнок олими асил тавонист, ки ба намуди як рисолаи илмї тањти њамон ном чун китоби рўимизии олимону мутахассисони соња дастраси хонандагону ихлосмандонаш гардонад. Тайи солњои тўлонї К.Вазиров дар Экспедитсияи ҷустуҷўйи геологии Моѓиён низ чун корманди шартномавї мавзўъњои хоҷагиро иҷро намудааст.
Натиҷаи тањќиќотњои илмии ин олими варзида ва фидоии илми тоҷик хеле бор доданд. Ў тавонист, ки дар як муддати кўтоњ хешро шиносад, дар илм ва соњаи геология тавонад, ки кї будани худро ба мутахассисони ѓайримањаллї нишон дињад. Навоварии К.Вазиров дар илм ин пеш аз њама кашфи ќубураи таркиш дар њамон кони Кончоч аст, ки дар ќисмати Ҷанубу Шарќии ин кон дарёфт карда шудааст. Ана ин дастовард аст, навоварист, навҷўйист, ки на њама олимони имрўзи илми геологияи тоҷик ба он ноил ва шарафёб мегарданд. Лек тавониста, тоҷике, ки аз дењоти кўњистон рў ба илм овардаву мавќеъ пайдо кардаву кашфи чунин мавзеъњои илман муњимро ба атрофиён нишон дињад.
Абдурањмони Ҷомї хуб гуфта, ки:
Шохи бебар арчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наёрад мева бор, андар шумори њезум аст.
Устод Кабуд Вазиров дар баробари иҷроиши корњои илмї ба таълиму тадриси ҷавонони мањаллї низ сахт камари њиммат мебандад. Мењнат мекунад, ки аз зумраи ҷавонони мањаллї низ олимон, мутахассисони воќеан асил ва донандаи касби хеш руйи кор оянду хизмат ба халќ намоянд. Имрўз К.Вазиров яке аз он фидоиёни илму маорифи тоҷик аст, зеро шахсест, ки дар баробари таълим додан ба донишҷўён боз тарѓибу ташвиќи донистани забони модариву дар амал татбиќ намудани ќонуни забонро миёни эшон вомегузорад. Доим кўшиш ва зањмат мекашад, ки забони илми геологияи тоҷик натанњо забони русї бошад, балки забони давлатї-тоҷикї низ забони илмро гирад.
Доим дар њаракат аст.Ҷўянда асту кобанда. Навовар асту навҷўй. Офаранда аст, бањри донишҷўён китобу дастурамал. Ва аз забони Саъдии ширинсухан мегўяд:
То ранҷ тањаммул накунї, ганҷ набинї,
То шаб надавад, рўз падидор нагардад.
Хеле эҷодкор аст. Соли 1993 китоби дарсиеро бо номи «Минералогия ва петрография бо унсурњои кристаллография» аз дасти чоп баровард. Соле пас натиҷаи зањматњош бор оварданду боз китоби дарсие тањти номи «геология бо асосњои палеонтология ва геологияи таърихї», асаре илмї бо номи «Сангњои гаронбањои Тоҷикистон»-ро рўи чоп овард. Инчунин, тўли солњои охир чанд асаре иншо кард, ки бо номњои «Зилзила ва мухити зист», «Ганҷинањои водии Ванҷро њифз намоем» ва ѓ. дастраси хонандаи имрўзи тоҷик гардонида шудаанд.
Кабуд Вазиров доим дар конференсияву симпозиумњо ширкати фаъол дорад. Бо маърўзаву гузоришоти пурмўњтавои хеш оид ба проблемањои мубрами соња баромадхо менамояд. Иштирокчии зиёда аз 25 конференсияњост.
Имрўз Кабуд Вазиров ҷашни камолоти 70-солагї доранд. Њоло њам ҷавонанду дар айни шукуфоии эҷоданд. Мо ин шахси закї, олими варзида ва инсони комилу фидоии илмро ба ин санаи муборак табрик намуда ба ў дар ҷодаи илм навоварињо ва дар њаёти шахсиаш хушињову комгорињоро таманно дорем.
А.Р.Файзиев-директори Институти геологияи
АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор,
Ф.Њакимов-мудири кафедраи геология ва
менеҷменти маъдану техникаи ДДМТ, профессор,
Ф. Ѓафуров-мудири кафедраи геология ва
иктишофи конњои канданихои фоиданоки ДДМТ, дотсент
|
|