Саҳифаи асосӣ |

 Феҳрист
Тоҷикистон
Минтақа
ИДМ
Дар дунё
Сиёсат
Иқтисод
Иҷтимоъ
Фарҳанг
Варзиш


 МТЖ
Тадқиқоти таърихӣ
Тадқиқоти иҷтимоӣ
Тадқиқоти сиёсӣ
Тадқиқоти ҷиноӣ
Ҳизбҳои сиёсӣ
Хабар
Бойгонӣ
Дар бораи мо
Тамос


 Кӣ кӣ аст?

Бузургмарде аз Ванљ

Илми тоҷик аз қадимулайём бо шахсиятҳои волову нотакрори худ обрўву шаъну шарафи худро соҳиб гардида буд. Да   >>>>>


 Назарсанҷӣ
Сиёсатмадори бадтарин
Путин
Исломов
Буш
дар сайт Google
 
 Салла гўӣ, калла меорем мо
Ба назар чунин мерасад, ки дар мақомоти поёнии ҳукумати кишвар афроде кору фаъолият мебаранд, ки салла биёвар гўӣ, калларо ҳамроҳи салла меоранд. Амали иҷборан ба дўши мардум бор кардани хариди саҳмияҳоро метавон бад-ин мисол шабеҳ доду мушоҳида кард. Зеро сарвари кишвар даҳҳо маротиба эълом дошт, ки хариди саҳмияҳо на иҷборӣ, балки бояд довталабона сурат бигирад. Аммо таври маълум ин гуфтаи президент ҳеҷ маҳал аз ҷониби мақомоти поёнӣ иҷро намешавад ва бешак амали зимомдорони поёнӣ дар бобати иҷбории фурўши саҳмия поймол кардани сиёсати аввалчеҳраи кишвар аст.

Мардуми фақру хариди саҳмияҳои иҷборӣ
Роғун он гуна, ки ҳама гуфтаанд, иншооти аср ва ифтихору шарафмандии миллати тамаддунсози тоҷик мебошад. Харидорӣ намудани саҳмияҳои Роғун барои ҳар як фарди Тоҷикистон чун вазифаи фарзӣ дониста мешавад, зеро мо дар ин иншоот оянда равшанӣ ва гармии хонадони ҳар яки худро мебинем. Вақте ки Роғун бунёд мешавад теъдоди азими мушкилоти энергетикии Тоҷикистон роҳи ҳалли худро пайдо мекунад. Иштироки шумораи азими мардуми кишвар аз он аст, ки ин сохтмонро ҳама дастгирӣ мекунанд.
Он гуна, ки медонем ин рўзҳо дар бештари корхона ва муассисаҳои давлатӣ ва ҳатто ғайридавлатию инфиродӣ маъракаи маҷбурии ҷамъоварии маблағҳои ба истилоҳ "хайрия" барои бунёди нерўгоҳи «Роғун» ва харидории саҳмияҳои он ҷараён дорад. Бо назардошти ин ки президент даҳҳо маротиба таъкид кард, ки раванди хариди саҳмияҳо бояд ихтиёрӣ ва довталабона сурат бигирад, аммо боз шоҳидем ва мебинем, ки масъулин мардумро дар хариди саҳмияҳо маҷбур мекунанд ва ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати сарпечӣ аз кору фаъолияташон озод хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки 52% аҳолии Тоҷикистон аҳли фақиранд ва ин маънои он аст, ки чунин қишри ҷомеа, албатта, имкон ва қобилияти саҳмгузориро дар ин маърака надорад.
Дар воқеъ, имрўз харидани саҳмияи Роғун ба таври зўриву маҷбурӣ сурат гирифта истодааст. Корхонаҳои хусусӣ аз тарси зўроварӣ ва коркунони давлатӣ барои худро назди боло “гарм" нишон додан зердастону тобеони худро водор карда истодаанд, ки саҳмия бихаранд. Ин раванди зўроварӣ дар ҳама соҳаҳои ҷомеа густурдааст: ҳам дар соҳаи маориф-мактабҳои миёнаву макотиби олӣ, ҳам дар соҳаи тандурустӣ -беморхонаҳо, ҳам дар корхонахои хусусӣ ва дар дигар корхонаҳои давлатӣ, ҳатто дар ин раванд масоҷиду мадорис низ истисно нестанд

Лаббайку балеву дурўғи ростин
Имрўз хеле хуб мушоҳида мекунем, ки дар расонаҳои хабарии расмӣ барномаҳое таҳия ва пешкаш мешаванд, ки яктарафа ҳастанд. Ва мебинем, ки кормандону хабарнигорони телевизиюни давлатӣ зимни сохтани барномаҳову гузоришот оиди сохтмони "Роғун" ва харидории саҳмияҳои он танҳо суроғи он нафароне мераванд, ки сухани ба истилоҳ "давлатӣ" мезананд ва ин кормандони дарборӣ аз ҳамсўҳбатони ба истилоҳ ҳақиқатгўю талхгў канора мегиранд. Агар тақозои касби журналистӣ дутарафнигарӣ ва чандандешӣ бошад, ку мардона биёянд, ба сари онҳое, ки иҷборан хариди саҳмияро таҳмил кардаанд ва поймол шудани гуфтаи президенти кишвар дар бобати довталабона ва ихтиёрӣ будани хариди саҳмияро нишон диҳанд, мо аҳсант мегўем, аммо афсўс…
Албатта, хидмат ба ватан хуб аст, хоса хидмати ҳарбӣ нею моддӣ! Ва албатта он рўз дер нахоҳад буд, ки Тоҷикистон низ дар арсаи ҷаҳон яке аз қудратмандтарин кишвари энергетикӣ мешавад. Аммо кӣ кафолат дода метавонад, ки ҳамаи маблағи ҷамъшудаи мардум бидуни ҳеҷ каму кост ба суратҳисоби "Роғун " равона карда мешавад?!
Дар робита Шаҳриёри Қурбонпур, сокини ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ иддао дорад, ки Тоҷикистон дар сурати бунёди ин иншоот соҳиби энергетикаи худӣ мешавад. Ҳамсўҳбатам мўътақид аст, ки дар ҷамъоварии маблағҳои Роғун ҳеҷ каму костие сар намезанад ва ҳукумати кишвар нозири чунин ҷамъовариҳост. Ӯ мегўяд:
-Ин ҳам вақт мехоҳад ва илова бар ин кафолати маблағҳои мардум бидуни каму кост ба суратҳисоби "Роғун " ирсол шуда, худи ҳукумати Тоҷикистон аст. Чунки дар ин бора дар матбуоти даврӣ борҳо ин масъала мавриди суол қарор гирифт. Мардум суол карданд, ки Сангтўда сохта шуд ва мо солҳои 1996 саҳмия гирифтем, канӣ саҳмияҳои мо, бо назардошт дар мавриди ин масъала президент низ таъкид намуд ва оиди маблағи аз мардум барои сохтмони Роғун ҷамъшуда, танҳо зери назорати худи Президенти кишвар аст. Ин масъала ҷиддист ва ҳар давра оиди маблағҳои ҷамъшудаи Роғун Вазорати молия ба халқ тариқи телевизион ва нашрияҳои ҷорӣ маълумот медиҳад.

Донишҷў саҳмия харад ё хонад?
Феълан дар ҳама муассисаҳои идорию таьлимӣ маъракаи хариду фурўши саҳмияҳо ҷараён дорад, аммо ин раванд чӣ гуна сурат гирифта истодааст, ба ҳама рўшан аст. Дар донишгоҳҳо донишҷўёнро, дар бозор савдогаронро, дар мактабҳо бечора муаллимони каммаошро раванди маҷбуркунии хариди саҳмияҳо ҳамла мекунад. Диловар ном донишҷўе дар робита ба ин мавзўъ гуфт, ки хариди саҳмия барои донишҷўён амри иҷборӣ шудааст. Инчунин вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов низ ин амрро хилофи супориши президент унвон карда буд. Ба боварӣ ҳамсўҳбатам фурўши иҷбории саҳмияҳо ба донишҷўёнро аввал хиёнат ба таькиди президент унвон карда, сониян ҳамчун нақзи ҳуқуқи донишҷўён мешуморад.
-Имрўз муаллим маро маҷбур мекунад, ки саҳмия бихарам, дар ҳоле, ки ман аз ноҳияи дурдаст ба шаҳр барои таҳсил омадаам ва рўзгори як оилаи деҳотӣ ба ҳама рўшан аст. Ман ин амали масъулини донишгоҳро хиёнат ба супориши президент медонам. Чаро вазорати маориф дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати ин гуна амалҳои ноодилонаи масъулини донишгоҳ чора намеандешанд?
То 28 феврал яъне интихоботи порлумонӣ танҳо ду вожае буд, ки фазои матбуот ва расонаҳои Тоҷикистонро пур мекард ва мудом дар забони мардум садо медод. Ин ду вожа, албатта, Роғун ва саҳмия мебошад. То чанд ҳафтае ҷои ин ду вожаро вожаҳои бузурге чун Интихобот ва аҳзоб мегирифт, аммо ҳоло бошад дар ин шабу рўз дар Тоҷикистон чун пештара корбурди вожаҳои Роғун ва саҳмия дар ҳоли густариш қарор дорад.

Мавриди зикр аст, ки то имрўз дар қаламрави Ҷумҳурӣ ба маблағи худудан 750 миллион сомонӣ саҳмияҳои нерўгоҳи барқи обии Роғун ба фурўш рафтааст. Аммо ин раванд чӣ гуна сурат гирифт, оё ихтиёрӣ буд ё иҷборӣ? Рўзноманигор Ҷўра Юсуфӣ чунин андеша дорад:
-Албатта, ин амал бояд комилан ихтиёрӣ анҷом гирад ва аксар чунин ҳам ҳаст, бахусус, сарватмандон ва ширкатҳои доро ба маблағҳои ҳангуфте саҳмия харидаанд. Роғунро бояд сохт...танҳо набояд мардуми нодорро маҷбур кард, ки саҳмия бихаранд. Ба андешаи банда, он сармоядоронеро маҷбур бояд кард, ки корхонаҳои азимро бо роҳу воситаҳои гуногун, бо нархи хеле арзон хусусӣ гардонида буданд.

Алло, ин қарори раиси вилоят!
Як ҷавондухтари сокини шаҳри Хуҷанд дар ин маврид мегўяд, имрўз мардуми оддӣ, хоса мардуми деҳот аз ин воқеият дуранд, ки то кадом андоза пули онҳо ба суратҳисоби Роғун меравад. Ба бовари ў хиёнат дар ин маъракаи муҳим метавонад хиёнат ба худи миллат бошад. Мавсуф таъкид мекунад, ки ҳар рўз раиси маҳаллашон ба хонаи онҳо омада, таъкид мекардааст, ки саҳмия хардидааст ё на. Ин ҷавондухтар, ки нахост номи корхонааш зикр шавад, мегўяд, ки аз ҳукумати вилоят ба корхонаи онҳо занг зада, дархост кардаанд, ки раиси вилоят фармон бароварда, ки ҳама шаҳрвандони вилояти Суғд бояд саҳмия бихаранд. Аммо пас аз дарёфти воқеият аён шуд, ки раиси вилоят ҳаргиз чунин қароре набаровардааст, балки ин масьулинанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу равиш худнамоӣ пеши "болоӣ"-ҳо намоянд.
Дар сўҳбатҳояш Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд низ иттилои маҷбурӣ фурўхтани саҳмияҳоро расман рад кард. Аммо боз мушоҳида мешавад, ки чунин мушкилот дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ эҳсос мешавад.
Рўзноманигор Осими Орифпур дар шаҳри Хуҷанд маҷбуран фурўхтани саҳмияҳо ба мардуми оддиро нақзи ҳуқуқи эшон хонд ва ин амалро мухолифи сиёсати президент медонад.
-Имрўз дар соддатарин муроҷиат кайд карда мешавад, ки он нафари бонангу номус бояд саҳмияҳои Роғунро харидорӣ намоянд. Аммо ин муроҷиат тарафи дигар низ дорад. Яъне нафароне, ки саҳмияҳоро харидорӣ карда наметавонанд, бенангу номусанд ва ин албатта, мувофиқи моддаҳои кодекси ҷиноӣ тўҳмат ҷиноят мебошад. Ин ҳам ба он нафароне, ки маҷбурашон намекунанд.

Фирдавси Аъзам