| Кӣ кӣ аст? |
 Бузургмарде аз Ванљ Илми тоҷик аз қадимулайём бо шахсиятҳои волову нотакрори худ обрўву шаъну шарафи худро соҳиб гардида буд. Да >>>>>
|
|
Назарсанҷӣ
|
|
Сиёсатмадори бадтарин
|
|
| Гўед ба Наврўз, ки имсол наояд… | Новобаста ба кўшишҳои президенти кишвар роҷеъ ба берун кашидани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, мушкилоти роҳ ҳанўз ҳам чун яке аз мушкилиҳои асосӣ боқӣ мемонанд. Бахусус, сафар аз пойтахти кишвар ба вилояти Суғд ҳанўз ҳам даҳшатноку тоқатфарсо ба назар мерасад.
Субҳи 16- марти соли ҷорӣ бо зарурияте азми сафари Панҷакент намудам. Соати 9-субҳ автомашинаи мо аз Душанбе ҳаракат намуда, соати 10 - 40 алакай ба Майхўра расидем. Вале маълум буд, ки дар давоми сафари мо дар ин ағба мушкилиҳои зиёде пеш хоҳад омад. Роҳҳои яхбастаи моҳҳо тозакарданашуда ва ҳаракати яксамта, ронандагонро хеле азият медод. Агар аз пеш ягон мошине пайдо шавад, соатҳо ронандагон барои якдигар бо кўшишоти зиёде роҳ мекушоданд. Тармаҳои хурд-хурди дар ҳар куҷо фароянда, дили мусофиронро ба ваҳм меовард. Дар роҳ ба истиснои як экскватор ва як булдозер дигар ҳеҷ техникае ба чашм намерасид, ки ба тоза кардани роҳ ва дар ҳолатҳои садамавӣ ва ба наҷоти мардум машғул шаванд. Хидмати ҳамин ду техника низ пурра аз тарафи худи ронандагон маблағгузорӣ мешуд. Сўзишворӣ ҳам аз ронандагони «Камаз» ҷамъоварӣ карда мешуд. Ба назар чунин мерасид, ки роҳи мазкур пеш аз мўҳлат ба худтаъминӣ гузашта, он алакай пулакӣ шудааст ва дигар Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия онро назорат ва маблағгузорӣ намекунад. Дар ҳузури худи банда аз ронандагони дар ағба буда, 500 сомонӣ ба истиснои сўзишворӣ ҷамъоварӣ карда шуд. Ҳама ба ронандаи «Булдозер» аҳсан мехонданд. Новобаста ба зуд-зуд фаромадани тарма ў то соати 11- шаб кор карда, пеши роҳи мошинҳоро кушод ва мо соати 11 аз нақб гузаштем. Агар масъулини вазорати нақлиёт дар ин роҳ ба ҷои як булдозер се булдозер мегузоштанд, боварӣ дорем, ки новобаста ба он ки аз тарафи Вазорат маблағгузорӣ мешавад ё не, роҳ то ағба ҳаргиз баста намешуд.Аммо сад афсўс, ки масъулини мо дар хонаҳои гарм зиндагӣ доранду тақдири мусофирон ба дасти табиат дода шудааст. Ва рўзи 17 алакай табиат ғазаби худро ба сари мусофирон рехту ҷони 8 нафар мусофиронро ситонид.
Мо ҳамон шаб, соати 12 ба дидбонгоҳи Айнӣ расидем. Вале роҳи минбаъдаи мо аз Айнӣ то Панҷакент аз роҳҳои ағба ҳам даҳшатноктар ба назар мерасид. Чуқуриҳои даҳсолаҳо пур нашуда, роҳҳои вайрон, имконият намедоданд¸ ки нақлиёт ба суръати 25- 30 км ҳаракат намояд. Мо 56 км роҳи байни Айнӣ - Шўрчаро дар муддати 2 соату 20 дақиқа тай намудем. Аз Айнӣ то Панҷакент роҳҳои деҳаҳои дурдасти кўҳӣ ва харобшудаи аз ёдҳо рафтаро ба ёд меовард. Ниҳоят бо душвориҳои зиёде соати 3 вориди шаҳри Панҷакент шудем. Худоро шукр гуфтем, ки вориди шаҳр шудему аз роҳҳои вайрона халос шудем. Вале рўзи дигар роҳҳои дохилии шаҳри Панҷакентро дида, ҳуш аз сарамон парид. Маълум буд, ки дар давоми солҳои истиқлолият бо вуҷуди маблағгузориҳо ин роҳҳо ягон маротиба ҳам таъмирро надидаанд. Мошини сабукрав ба чуқуриҳо бархўрда, мисли мошинҳои боркаш лангар медод. Намедонем Панҷакент хадамоти роҳсозӣ дорад ё не, аммо дили ҳар бинанда ба мошину ронандаҳо месўхт. Аз бардорузани мошин ҳар замон мусофирон ба хусус занон оҳ мекашиданд ва аз ҳамдигар мепуриданд:
-Оё Панҷакент роҳбар дорад ё на?
Бо мўйсафеди 76 солае бо номи Бобои Хайриддин аз ин ноҳия сўҳбат кардем. Ў изҳор дошт, ки охирин бор ў обод кардани ин роҳҳоро дар солҳои 80-и асри гузашта дида буд. Ба қавли ў дар ин ноҳия «дили харакӣ ба ҳоли мошинсаворон месўхт». Наход дар давоми 20-25 соли охир ягон маротиба ҳам барои таъмири роҳи Панҷакет маблағ ҷудо нашуда бошад? Шояд барои роҳбарияти ноҳияи Айнӣ баҳонаҳое аз қабили фаромадани санг, лою гил ва дигар офатҳо мавҷуд бошад, раиси шаҳри Панҷакент чӣ баҳона пеш меоварда бошад?
Мохоҳам бо истифода аз рўзнома ба раиси шаҳри Панҷакент, раиси ноҳияи Айнӣ ва Вазири нақлиёт ва коммуникатсия бо ду суол муроҷиат намоям:
-Оё дар 18-соли истиқлолият барои ободии Роҳҳои Айнӣ-Панҷакент ва роҳҳои дохилии шаҳри Панҷакент маблағе ҷудо шудааст ё на?
-Агар маблағ ҷудо бошад, он ба чӣ андоза буд ва ба куҷо харҷ шуд?
Рўзи 27-март новобаста ба эълони он ки роҳи ағба то 2-апрел баста шудааст, мо ба Душанбе бозгаштем. Дар дидбонгоҳи Такфон аз соати 9-и саҳар то соати 6- и бегоҳ мошини моро манъ намуданд. Новобаста ба нишон додани ҳуҷҷатҳо, ки ман узви дафтари матбуоти БДА ҳастаму рейд гузаронида истодаам, автомашинаи моро кормандони БДА иҷозати гузаштан надоданд. Ҳол он ки ҳаракати нақлиёт аз самти дигар пурра ба назар мерасид ва зимни омадан низ бо чашмони худ дидем, ки ҳеҷ асосе барои боздошти нақлиёти мо вуҷуд надошт. Дар бозгашт маълум шуд, ки гармии ҳаво яхҳоро об кардаву роҳи мумфарши ағба кушода шудааст.
Дар охир ба хешу табор ва аҳли оилаи 8-нафаре, ки 18-март дар Майхўра зери тарма монданд, изҳори ҳамдардӣ намуда, ба ҳамаи онҳо аз даргоҳи худованди муттаол сабри ҷамил мехоҳам. Мардум умедвор буданд, ки ақалан рўзи дигар дар кишвар байрақи Тоҷикистон фуруд оварда шуда, рўзи мотам эълон мекунанд, вале Наврўз бо ҳама ҳашаматаш идома дораду ақалан дақиқае ба ёди онҳо дар Телевизиони Тоҷикистон лаҳзаи хомўшӣ эълон накарданд.
Холиқназар Ҷумъаев,
Душанбе - Айнӣ - Панҷакент - Душанбе
|
|
|