|
Назарсанҷӣ
|
|
Сиёсатмадори бадтарин
|
|
| Ашрофзода шуданро орзу накунед!зеро он дар хуни Шумо нест | Чанде пеш телевизионҳои маҳаллӣ ва дискфурушони кўчаву бозорҳои ҷумҳурӣ филми бисёрсериягӣ ё ба қавли русҳо «мылная опера»-и «Беҳуда хорам мекунӣ»-ро ба маърази тамошо пешкаш намуданд. Берангтарин ва аз лиҳози сужавиву мантиқӣ бадтарин сериалро дар умрам надида будам, гарчанде ки шумораи филмҳои дидаам беш аз ҳазор мебошад. Аммо, дар мақолаи мазкур намехоҳам оиди бурду бохт ва нуқсонҳои сериали «Беҳуда хорам мекунӣ» таҳқиқе анҷом диҳам, чунки лоиқ нест ва он ба ягон танқид ҷавобгў нест. Аз ин лиҳоз намехоҳам вақтро беҳуда хор кунам.
Мавзўи ҷолиб он аст, ки замони охир вожаи ашроф ва ашрофзода, вирди забони ому хос гардидааст. Дар сериали хасакие, ки дар боло номрас шуд, чандин бор калимаи ашрофу ашрофзодагон нисбати оилаи «сарватманд»-и қаҳрамони филм Анис таъкид мегардад. Дар ҳамин ҳол, дар барномаҳои телевизиони шабакаи 1 низ ин вожаҳо муқаррар истифода мешаванд. Аҷиб аст, ҳанўз аз тағйири форматсияи ҷамъиятии сотсиализм ба капитализм бист сол нагузаштаасту аллакай мо соҳиби ашрофу ашрофзода шудем!? Ё набобҳову нуворишҳо (ашхоси бо роҳи ғайриқонунӣ ва ногаҳон сарватмандшуда)-и навбаромад ашрофанд? Ҳаргиз не! Биёед, хонандаи гиромӣ бо ҳам ҳадс занем, ки ашрофзода кист ва ашроф чист.
Дар луғати энсиклопедӣ омадааст, ки ба табақаи ашроф ё аристократия (юнонии aristokratia, аз aristos -беҳтарин + kratos –қудрат,ҳокимият; англисӣ - aristocracy) табақаи олии имтиёз ва афзалиятдори синфи сармоядорон ё гуруҳи иҷтимоии аршад, барўмандони сарватманди қавмӣ буда, мансубият ба ин табақа авлодӣ ва ирсӣ мебошад. Ҳамзамон, аристократия метавонад, шакли давлатдорие бошад, ки аққалияти намояндагони аз ҳама номдори ҷомеа (нисбат ба ҳокимияти яккасолории ирсии шоҳ, яккаинтихоби ҳокимияти зўровар ё демократӣ) –ро дар бар гирад. Шакли чунин ҳокимиятро дар Рими қадим ва Спарта мушоҳида кардан мумкин аст. Вожаи мазкур аз ҷониби файласуфони қадим, аз қабили Афлотун, Арасту ва ғайра истифода шудааст.
Афлотун шакли чунин давлатро бо мушахассоти зерин ифода намудааст:
- асос - меҳнати ғуломон;
- давлатро «файласуфон» идора мекунанд;
- мамлакатро ҳарбиён ва аристократҳо муҳофизат мекунанд;
- поинтар «косибон» қарор доранд;
- тамоми аҳолӣ ба се табақа тақсим мешавад;
- «файласуфон» ва ҳарбиён набояд моликияти хусусӣ дошта бошанд;
- оилаи дар худ маҳдудшуда, набояд бошад.
Фарқияти асосии аристократия аз олигархия дар он аст, ки аввалӣ бояд ҳамеша, барои беҳбудӣ ва гулгулшукуфии давлат дар талош бошад, на ҷиҳати беҳбудӣ ва равнақи синфи худ, ки он дар сохтҳои диктаторӣ, зўроварӣ ва шоҳӣ дида мешавад.
Қобили тазаккур аст,ки чунин шакли ҷумҳуриявии идораи давлатӣ, ки дар он ҳокимияти олии давлатӣ ба таври истисно дар дасти синфҳои болоии имтиёз ва афзалиятдор ё аристократия мебошад ва онҷо чанд ё як нафар бо кўмаки намояндагони соири синфҳо ҳоким ҳастанд, бо демократия дар таззод гузошта мешавад, ки дар он ҳокимияти давлатӣ бояд дар дасти теъдоди аксари шаҳрвандон бошад.
Идея ё ғояи асосии аристократия дар он маҳфуз аст, ки давлатро бояд ақлҳои мунтахаб ё баргузидагон идора намоянд. Дар асл бошад, мафҳуми мазкур танҳо иртибот ба мустаҳкам намудани мавқеи табақа ё синф мебошад. Ғайр аз даъвои ҳуқуқ ба ҳокимият ва идораи давлат, аристократҳо ё ашрофзодагон худро намояндаи синфи олимақом меҳисобанд ва даъвои баргузидагиро пеш меоранд. Он касеро ашрофзода меноманд, ки аз азал зодаи ин табақа аст. Ҳамин аст, ки русҳо мақоле доранд: «Миллионер шудан осон аст, вале ашрофзода ё асилзода ҳеҷ вақт, чунки асилзода таваллуд мешаванд».
Аз маъхазҳои осори аттиқа ва бозмондаҳои файласуфони қадим бармеояд, ки аристократия ё ашроф дар замони Рими қадим ба вуҷуд омада, минбаъд дар Урупо шоҳигариҳо низ такя бар синфи мазкур мекарданд. Дар замони таърихии асрҳои миёна сохти шоҳигарии феодалии форматсияи ҷамъиятӣ нақши ашрофро дар идораи давлатӣ тақвият бахшида, ҷомеаи навинро сохт, ки дар он давра ин падидаи манфиатнок будааст. Минбаъд, Инқилоби кабири Фаронса зарбаи ҳалокатовар ба ашроф зада, ба ҳокимияти пул асос гузошт, ки то имрўз дар кишварҳои Урупо идома дорад.
Мўҳтавои идораи ашрофӣ дар он аст, ки ҳокимият бояд ба баргузидагон ё беҳтаринҳо мутаалиқ буда, иборат аз се рукн бошад. Аввал онки ҳатто дар давлатҳои ғайри сохти ҷумҳуриявӣ намояндагони ашроф, агар новобаста дар ҳокимияти олии давлатӣ ширкат надошта бошанд ҳам, бояд дар шохаҳои он, яъне дар сатҳҳои боло ва поён, умуман дар ҳама сохторҳои қудрати давлатӣ саҳмдор бошанд..
Сипас, бояд тазаккур дод, ки ҳатто васеътарин демократия натанҳо бо аристократия муросо мекунад, балки дар ҳақиқат қишрҳои болои ҷомеаро ҳамчу ашроф эътироф мекунад. Ин ҳолат дар мамлакатҳое буруз дорад, ки баъд аз сохти феодалӣ демократӣ шудаанд ва онҳо танҳо пўсти худро иваз намудаанд.
Билохира, дар ҳама ташкилотҳои ҷамъиятӣ,сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто динии дар дохили давлат ва байналмиллалӣ созмондодашуда, принсипи аристократӣ зуҳур дорад.
Қобили тазаккур аст, ки ашрофзодагон дар ҳақиқат метавонистанд, дар сурате, ки аслашон хориқулнажод бошад, ифтихор намоянд. На ҷасорат, на нуфузи аҷдодӣ ва на сарвати ҳангуфт наметавонист манбаи ифтихори авлод бошад, чунки онҳо ирсӣ нестанд. Танҳо асолати азалии гузаштагон ва решаҳои наҷобат ба авлод иҷозат медод, ки асилзода ё ашрофзода бошад.
Мутобиқи ташхиси Ҳомер, асилзодагон дорои қади баланд, нерўи ҷисмонӣ, зебогиву насофат ва сифатҳои баланди ахлоқӣ бояд бошанд. Ҳамаи ин сифот аз элфҳо, махлуқҳои афсонавӣ сарчашма мегирифт. Ҳоло бигў, хонандаи азиз, ки кадоме аз «ашрофзодагони» сериали хасакии «Беҳуда хорам мекунӣ» ба ин мушаххассот ҷавобгў аст?
Ашрофзодагон ё феодалҳои асримиёнагӣ бо он ифтихор доштанд, ки аҷдодони онҳо элфҳо буданд ва онҳо ворисонашон, яъне нимэлф ҳастанд. Нимэлфҳо ҳамеша боқувваттарин, боақлтарин, чолоктарин ва ҷасуртарин нисбат ба дигар одамон буданд. Аз ин лиҳоз онҳо бояд дар ҷомеаи инсоният баргузидатарин афрод бошанд.
Ба таври дигар гўем, ғайр аз тақсимоти одилонаи синфӣ ё табақотӣ дар байни одамон боз ирсияти элфӣ низ вуҷуд доштааст. Яъне, ки худо медонад ману ту ба кадом табақа мансубем, чунки авлоди фарҳангзоду наҷибзодаи моро «болшевой» нобуд кард.
Танқид ва расвокунии ашроф ё аристократия аз ҷониби «халқия» ё плебейҳо як мақсадро дар бар дорад. Замоне, ки қудрат ва ҳокимияти давлатиро намояндаи синфи қашшоқ забт мекунад, ў бояд дар тафаккури оммаи синфи зер нақшеро офарад, ки гўё ашроф хунхўр ё хунмаки халқи «бечора» аст. Насли имрўза таърихи инқилоб ё табаддулоти болшевикиро кам медонад ва ҳанўз ҳам сарфаҳм нарафтааст, ки дар миқёси қариб, ки як қораи азим болшевикон решаи ашрофро ба бод доданд.
Дар ҳамин Тоҷикистони азизамон садҳо не, ҳазорҳо намояндагони ашроф ва зиёиёнро ба ҷурми аксулинқилоб ё «душмани халқ» ба доми марг кашонидаанд. Аламовараш онаст, ки мо худамон, тоҷикон ва дигар халқи маҳал дастёрашон будем. Ҳар касе, ки китоб мехонд, сарватманд ё миёнаҳол буду мардумро ба маърифат даъват мекарду нон медод аз ҷониби «дўстон ва ҳамфикрон»-и болшевикони ғосиб ба ҷурми зиддиинқилобӣ эъдом мешуд. Дар як давраи кутоҳ миллат аз беҳтарин фарзандҳои худ маҳрум шуд.
Ҳамин буд, ки ҷомиаи тоҷик «соҳиби» ба ном «сарварони дилсўз»-и хашин, яъне бефарҳанг гашт. Онҳое, ки бо шайтанат, дурўягӣ, тамаллуқу косалесӣ дар қишри болоии ҷомеа худро ҷой карданд, акнун даврон меронданд.Яъне зинаҳои болоии ҷомеаро аристократҳо ё ашрофшудагони хасакӣ ишғол намуданд. Асолати модарзодӣ аз байн рафт.
Падидаи мазкур, комилан табиист, зеро ки «плебейҳо» танҳо ҳамтои худро метавонанд дарк кунанд ва тибқи фаҳмиш ё ҷахонбинии худ метавонанд қазоват кунанд. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ қодир нестанд, ки асолати табақаҳои болоиро дарк кунанд, зеро худо ба онҳо чунин имкониятро надодааст. Онҳо наметавонанд омилҳои нигоҳдорандаи ботиниро, ки намегузоранд қудратро ба таври плебейҳо истифода баранд, амиқ эҳсос намуда, ҳатто тасаввуроте оиди он дошта бошанд.
Аз дигар тараф, аксари сарватмандони имрўзаи мо ба тиҷорат машғуланд. Боигарии онҳо аз ҳисоби даромади марбут ба хариду фурўше, ки онро дар замони феодалӣ ҳатто косибону кишоварзон манфур мегуфтанд, ба даст омадааст. Тоҷирони асил танҳо ҳаққи заҳмати ба харҷ додаашонро болои нархи амвол зам мекардаанду нафъи солим ба даст меоварданд. Аммо, имрўз дар кадом соҳаи тиҷорат ё хизматрасонӣ набошад, «ҳаққи заҳмат» на камтар аз 200-ё 300 фоизу аз ин ҳам бештар мебошад, ки ҷаллобӣ ё спекулятсияи маҳз ҳаст. Ашрофу ашрофзода бошад, аз тиҷорат даст мекашад, чунки агар амали мазкурро анҷом диҳӣ, наметавонӣ поквиҷдон боқӣ бимонӣ.
Аз куҷо дар батни ашрофзода нафрат нисбат ба пул ҷо гирифтааст? Чаро, асилзода, ҳатто ба зарари худ аз пул даст мекашид, чунки Арасту гуфтааст, ки рибохор бадтар аз дузд аст. Чаро майл ба пулёбӣ дар байни ашроф қобили шаъну шараф набуд ва шахсе, ки аз қавм ба ин кор машғул буд, рондаву таҳқир мешуд?
Ашрофзода соҳиби замину мулк буд ва аз кўдакӣ ба ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надошт. Ў мўътақид буд, ки танҳо намояндагони табақаҳои поён бояд дар бораи сарвату пул фикр кунанд, аз ин лиҳоз агар ў ҳам моили пулу сарват шавад, пас ба хизматгоронаш мушобеҳ мешавад. Мўҳтавои пул дар он аст, ки он метавонад арзишҳои аслиро ба арзишҳои шартӣ иваз намояд, яъне дар ҷаҳоне, ки пул ҳукмфармост барои мафҳумҳои шаъну шараф, ҷасорат ва ифтихор ҷой нест.
Дарк кардед, хонандаи мўҳтарам, ки даъвоҳои судии ҳифзи шаъну шараф чӣ маънӣ дорад? Оё шаъну шарафро бо миқдори муайяни пул арзёбӣ карда мешавад, дар сурате, ки ашроф соҳиби миллиардҳо буд?
Ҳисоби соддаи арифметикӣ дар худ чунин мафҳумҳои номуайянро ғунҷонида наметавонад. Арзиши пул, ин арзише аст, ки бо он чизеро ба таври воқеӣ метавон харидорӣ намуд. Аз ин лиҳоз, арзиши хусусии соҳиби пул муҳимияте надорад. Ин қазияро ҳар як ашрофзода бо асолати худ хуб дарк намуда, аз он нафрат дорад, зеро ки ҷаҳони муносибатҳои иқтисодӣ, ҷаҳони «маблағи нақд» ба зодаи элф манфур аст. Элфинизм ин ҷаҳонбинии истисноии аристократӣ буда, асилзодае, ки дар ҷаҳон мавҷуд аст, аҳли ин табақа ба ҳисоб меравад . Разолати пул дар он маҳфуз аст, ки ба разилон имконият медиҳад, то мавқеи ашхоси воқеан бообрўро дар ҷомеа танг сохта, аз пушташон хоинона, корд зананд. Аз ҳамин сабаб Арасту ба рибохорон нафрат дошт. Фиребу найранг дўсти қарин ва ҳамешагии пулу сарват аст, чун ки арзиши он шартӣ буда, қиммати онро шартномаи тарафайн муайян менамояд. Шартнома ё қарордод бошад, амалест, ки байни тарафайн оиди хариду фурўш анҷом дода мешавад, яъне он касе бурд мекунад, ки нисбат ба тарафи бовиҷдон, чолоктар ва найрангбозтар бошад.
Ҳамин аст, ки яҳудиён дар умури муомилаи пуливу тиҷоратӣ нисбат ба дигар миллатҳо муваффақтар ҳастанд. «Инҷил» - и онҳо воқеъияти табииро ба ҷаҳони тахаюлотии муносибати байни инсонҳо иваз намудааст. Аз ин лиҳоз дар олами тахаюлотии пул, яҳудӣ худро чун моҳӣ дар об эҳсос менамояд. Дар таъвизи ҷаҳонбинии тахаюлотӣ усули Пунӣ, ё қаллобиву маккорӣ васеъ истифода мегардад ва аз ин сабаб, ба фарди нопоку маккор раҳме ҷоиз нест. Бурду равнақи пул то он даме идома хоҳад ёфт, ки қаллобиву маккорӣ ошкор нашавад.
Ба воқеияти аслӣ ва ҳақиқӣ тоб наоварда, яҳудиён хуб дарк карданд, ки дер ё зуд қаллобии онҳо ифшо мегардад ва онҳо ба шикаст рўбарў мешаванд, аз ин сабаб онҳо роҳу усули хосу хусусии худро сохтанд, ки дар он касе наметавонад хилоф барояд ё бар зиддашон мубориза барад. Ин роҳ барои бисёрӣ ҷолиб аст, зеро ки дар Табиат ғолибон ангуштшуморанд ва на ҳама метавонад пирўзӣ ба даст оварда, тибқи қонунҳои ҷаҳони вуҳуш амал кунанд. Акун маълум шуд, ки ана барои чӣ аристократон ба демократҳо бохтанд ва мавқеъашонро ба онҳо супориданд, чунки агар сифат аз миқдор аслан беҳтар набошад, миқдор ҳамеша аз сифат зўртар аст.
Ба фикрам, хонандаи мўҳтарам, бо ин сайри кутоҳ ба мавзўе, ки баҳсаш ҳадду канор надорад кам ҳам бошад, тавонистем равшанӣ андозем. Мақсад аз он аст, ки сабаби дар ҷомеаи имрўзаи мо эҳё кардани мафҳуми ашроф ва таъсиси табақаи «нав»-и аристократияро, ки баъзе доираҳои пасипардагӣ кўшиш доранд ва мехоҳанд бо истифодаи носолим тавассути ташвиқи расонаҳои хабарӣ дар тафаккури мардум, таҳмил намоянд, пайдо намоем. Бори дигар таъкид карданиам, ки аристократия азалӣ аст, на пулакӣ. Ҳатто, миллиардҳо доллару евро наметавонанд шуморо ашрофзода ё аристократ кунанд. Мардум аҷдоду авлоди «тоҷикони нав»-ро то сад пушташ медонад, аз ин лиҳоз кўшишҳои онҳо бесуд аст ва натиҷае нахоҳад дод.
Боқӣ худат қазоват кун, хонандаи гиромиқадр.
Д.Ахтар,
рўзноманигори мустақил.
|
|
|