
|
|
Назарсанҷӣ
|
|
Сиёсатмадори бадтарин
|
|
| диплоМАТ | Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар ҳасрати баҳри хушкидаи Арал бештар оби чашм кард ё дар мусибати зарардидагони мина, суолест, ки кушода боқӣ монд.
Дидорбинии Пан Ги Мун аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам поён ёфт. Аммо, чунин менамояд, ки номбурда дар ин сафар вазифаи хешро дипломатона анҷом дод. Ба қавли худаш, ҳадафи сафар «коҳиш додани шиддати муносибат миёни мамлакатҳои минтақа» буд. Вале сюрпризҳои ғайриинтизори зиёд махсусан дар ду мамлакат-Тоҷикистону Узбакистон мавсуфро дар ҳолати ногувор гузоштанд. Дар кишвари ҳамсоя нахуст ба дабири кул баҳри хушкидаи Аралро зери шиорборонҳои иттилоотӣ алайҳи заводи алюминии тоҷикон «Талко» нишон доданд ва мегўянд қариб буд Пан Ги Мун ба гиря афтад. Табиист, бо арзи тасаллият ҷониби ҳамсоя ангушти иттиҳомро сўйи Тоҷикистон нишон дод:
- Бубинед, ана ҳамин нерўгоҳҳои обӣ сабаби хушкшавии Арал гардид.
Баъзе коршиносон мегўянд, маҳз ба ҳамин эҳсос, дабир аз сафари ба нақшагирифташуда ба Роғун даст кашид. Ҳарчанд тибқи барнома бояд ба он ҷой сафар мекард.
Президент Раҳмон дар нахустин дидор ба ин таассуроти бардоштаи Пан Ги Мун аз Узбакистон ишора карда, ба суолҳои ҳанўз надодаи вай посух гуфт:
«-Тоҷикистон ҳамеша манфиатҳои кишварҳои минтақаро ба эътибор мегирад ва лоиҳаҳои мо бар хилофи ин манфиатҳо нестанд. Баръакс бо татбиқи ин лоиҳаҳо натанҳо минтақаро метавон бо барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд, балки шароити дастрасӣ ба обро беҳтар кард, зеро иншооти гидроэнергетикӣ ба кам шудани партови газҳо ба атмосфера мусоидат мекунанд, ки комилан ба протсесси Копенгаген ҳамоҳанг аст». Ва дар ҳамин ҳол, ба далелҳои аз ҷониби раҳбарияти кишвари ҳамсоя пешоварда дар масъалаи баҳри Арал, далели худро пеш гузошт:
«Маҳз обёрии беандоза зиёди заминҳои дашту биёбон дар кишварҳои минтақа боиси чунин фалокат гардид. Дар давоми 50 соли охир дар Осиёи Марказӣ қариб 6 миллион гектар замин обёрӣ шуд, ки танҳо 600 ҳазор гектараш ба Тоҷикистон рост меояд, ҳол он, ки 60% тамоми дарёҳои Осиёи Марказӣ аз ҳудуди кишвари мо сарчашма мегиранд ва аз ин захираи фаровони худ Тоҷикистон танҳо 5-7%-ро истифода мебарад. Бояд тамоми шабакаҳои истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла обанборҳои сершумори мавҷудаи кишварҳои минтақа, инчунин вазъи экологии он мавриди ташхиси ҷиддии байналмилалӣ қарор дода шавад».
Дабир водор шуд посухи мусбат диҳад ва дар масъалаи сохтмони Роғун мавқеи миёнаро ишғол кунад:
«Мо аҳамияти бунёди нерўгоҳи Роғунро барои Тоҷикистон хуб мефаҳмем ва омода ҳастем, ки онро ба таври амиқ баррасӣ намоем, мардум бояд ба нерўи барқ дастрасии кофӣ дошта бошанд» ва таъкид дошт, ки ў «барои ташкил намудани муколамаи роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ин мавзўъ кўшиш ба харҷ медиҳад».
Баъди ин сўҳбат Пан Ги Мун бо намоишгоҳи аксҳо, ки аз фоҷеаҳои сершумори мардуми Тоҷикистон бар асари таркиши минаҳои зидди пиёдагардон шаҳодат медиҳанд, дидан кард. Баъдтар дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз тамошои он ба ваҳшат афтодаасту аз боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар марзҳои Узбакистон изҳори нигаронии амиқ кард. Зеро аксари вагонҳо аз маводи сўхт барои деҳқонони Тоҷикистон дар мавсими кишт иборат буданд. Ба қавли дабир «Узбакистон бояд ин мушкилро бидуни ҳеҷ мамониат ҳал кунад».
Ниҳоят ва аз ҳама муҳим, Пан Ги Мун рўшан иброз дошт, ки хостаашро ба даст овардааст: «Тоҷикистон ва Узбакистон барои баргузории экспертизаи байналмилалии нерўгоҳи Роғун аз сўи Бонки ҷаҳонӣ иттифоқи назар доранд». Аммо, натиҷаи сафар аз тасмимгириҳои минбаъдаи дабир маълум хоҳад гардид. Ин нукта ҳам рўшан мешавад, ки сўзи вай дар сўги Арал бештар будааст ва ё дар мусибати зарардидагон аз мина.
«Фараж»
|
|
|