Саҳифаи асосӣ |

 Феҳрист
Тоҷикистон
Минтақа
ИДМ
Дар дунё
Сиёсат
Иқтисод
Иҷтимоъ
Фарҳанг
Варзиш


 МТЖ
Тадқиқоти таърихӣ
Тадқиқоти иҷтимоӣ
Тадқиқоти сиёсӣ
Тадқиқоти ҷиноӣ
Ҳизбҳои сиёсӣ
Хабар
Бойгонӣ
Дар бораи мо
Тамос


 Кӣ кӣ аст?

Бузургмарде аз Ванљ

Илми тоҷик аз қадимулайём бо шахсиятҳои волову нотакрори худ обрўву шаъну шарафи худро соҳиб гардида буд. Да   >>>>>


 Назарсанҷӣ
Сиёсатмадори бадтарин
Путин
Исломов
Буш
дар сайт Google
 
 Бозињои пасипардагї
16-уми ноябри соли 1992 вакилони Шўрои олии Љумњурии Тољикистон дар шањри Хуљанд љамъ гардиданд, то вазъияти љориро мавриди баррасї ќарор дињанд, зеро дар чанд моњи ахир оташи љанги шањрвандї бошиддат аланга гирифта, вилояти собиќ Ќўрѓонтеппаро њар чї бештар ба коми худ мекашид. Рўзномаи чопи Маскав дар моњи сентябр як маќолаи хабарнигори худро интишор дода, шањри Ќўрѓонтеппаро «шањри мурдањо» номид.

Идораи њукумат њам тирамоњи њамон сол оњиста-оњиста дар шањри Душанбе ва ноњияњои љангзада пурра фалаљ гардид. Дар пойтахти кишвари љавон њазорњо нафар аз минтаќањои љангї гурехта, хобгоњњо ва хонањои холиро тасарруф намуда, зиндагї мекарданд. Нон барои мардум намерасид. Вазъият алалхсусус баъди ворид шудани гурўњи Сафаралї Кенљаев-собиќ раиси Шўрои олї ба Душанбе муташанниљтар гардид. Акнун мардуми минтаќањое, ки аз ў пуштибонї карда буданд, бо њар роњ аз Душанбе мегурехтанд. Чун нињодњои давлатї баъди ин њамла пурра фалаљ гашта буданд, њукумати марказї ва Раёсати Шўрои олї ибтидои моњи ноябр тасмим гирифтанд, ки њама ба истеъфо раванд.
Кўшиши ба эътидол овардани вазъият њанўз дар тобистони њамон сол чандин бор сурат гирифт. Ба ин хотир 27-уми июли соли 1992 дар Хоруѓ гуфтушунид анљом ёфт, аммо њоло ранги имзоњои намояндагони љонибњо хушк нагардид, дар ноњияи Бохтар задухўрди хунине рух дод. Љонибњо боз њамдигарро гунањкор карданд ва тиру туфанги худро гирифта, ба майдони њарбу зарб баргаштанд.
Ва њам љаласаи 15-уми Шўрои олї, ки миёнањои моњи август доир гардид, кўшише буд барои ба эътидол овардани вазъият. Шояд ба њамин хотир бошад, ки раиси Шўрои олї Сафаралї Кенљаев ба истеъфо фиристода шуд, њарчанд худи ў комилан мухолиф буд. Чунон ки дар китоби «Табаддулоти Тољикистон» (љилди 3) менависад, як гурўњ роњбарони олирутбаи парламент ба ў, ки аз ноњияи Айнї омада буд, итминон доданд, ки вакилони мардумї бо сабаби љанг ба Душанбе омада наметавонанд, бинобар ин, љаласаи 15-ум баргузор намегардад. Аммо баъди бозгашташ тавассути расонањои гурўњї хабар меёбад, ки љаласаи 15 дар шањри Душанбе баргузор шудаасту ўро дар ѓайбаш аз мансаби раиси Шўрои олї барканор кардаанд. Дар ин зимн вакилони минтаќањое, ки дар бањори њамон сол дар майдони Озодї барои пуштибониаш ба Душанбе омада буданд, мухолифи ў садо баланд мекунанд. Онњо ба љои Сафаралї Кенљаев номзадии муовини раиси Шўрои олї Акбаршоњ Искандаровро пешнињод мекунанд. Масалан, Рањмонов Э. аз њавзаи интихоботии 172 (ноњияи Данѓара) зимни суханронии худ мегўяд: «Дар сурате, ки номзадии А.Искандаров ба мансаби раиси Шўрои олї пешнињод карда шуд, мо онро тарафдорї мекунем. Вале њамаи аъзоёни Раёсати Шўрои олї њам аз нав бояд интихоб шаванд».
Вакили дигар Абдумаљид Достиев аз њавзаи интихоботии раќами 198 (ноњияи Бохтар) пешнињоди Э.Рањмоновро љонибдорї карда, аз љумла мегўяд: «Дар тўли 2-3 моње, ки вазъият муташанниљ буд, махсусан дар водии Вахш, танњо А. Искандаров дар он рўзњои сахт дар пањлўи мо буд. Аз роњбарияти љумњурї танњо њамин шахс кор кард. Дар майдонњои љанг њам буданд. Љое шуд, ки аз болои сараш тир њам парронданд. Ў нањаросида, ба нуќтаи вазнинтарин мерафт. Ман пешнињод дорам, ки бе алтернатива номзадии А. Искандаров ба овоз монда шавад».
Аммо баъди љаласаи 15 ва раиси Шўрои олї интихоб гаштани А.Искандаров вазъият дар Тољикистон ба маротиб муташшаниљтар гашт. Як њафта аз анљоми љаласа нагузашта буд, ки Додситони кулли кишвар Нурулло Хувайдуллоев, яке аз мухолифони њукумати Мусолињаи миллї ба ќатл расид. Баъди як њафтаи дигар Кохи президентї аз љониби як гурўњ, ки худро «намояндагони љавонони шањриДушанбе» эълон дошта буданд, пурра тасарруф гардид. «Љавонони Душанбе» як гурўњи беш аз 30 нафараи кормандони њукумату Шўрои олиро боздошт карданд. Ќасди аслии онњо аслан президент Рањмон Набиев буд, аммо ўро пайдо накарданд. Баъдтар боздоштшудагон озод гаштанд, ба истиснои Сайфиддин Сангов-муовини раиси собиќ вилояти Кўлоб, ки дар утоќи кории сарвазир Љамшед Каримов боздошт гардида буд. Мавсуф, ки барои орд барои мардуми муњосирамонда омада буд, вањшиёна ба катл расид.
Раёсати Шўрои олї дар чунин вазъият тасмим гирифт, ки љаласаи 16-умро дар шањри Хуљанд доир кунад. Ба ин хотир, рўзи 6-уми сентябр бояд Раёсати Шўрои олї дар фурудгоњ љамъ шуда, њамроњи президенти гумшуда Рањмон Набиев ба он љо парвоз мекарданд. Аљиб ин буд, ки дар тўли як њафтае, ки кохи Раёсати љумњурї тањти тасарруфи «љавонони Душанбе» ќарор дошт, садои президент аз ягон љо намебаромад. Њама дар куљо будани ўро њадс мезаданд.
Бегоњи рўзи 6-уми сентябр, расо баъди як њафтаи тасарруф гаштани кохи Раёсати љумњурї ваќте ки президент Рањмон Набиев дар фурудгоњ пайдо шуд, як гурўњи мусаллањи «љавонони Душанбе» тањти роњбарии Исмати авулї ба он љо њозир шуданд ва аз президент талаб карданд, ки аризаи истеъфояшро имзо кунад. Р. Набиев дар зери фишори эшон аризаашро ба имзо расонд. Ва бо њамин даъвати љаласаи 16-ум ба таъхир афтод. Акнун љумњурї аз ду роњбари радаи аввали худ мањрум гашта буд.
Рањмон Набиев аз ин ба баъд дигар садо баланд накард, то љаласаи 16-уми Шўрои олї, ки дар шањри Хуљанд дар моњи ноябр баргузор гардид. Аммо собиќ раиси Шўрои олї Сафаралї Кенљаев муборизаи худро ќатъ накард. Ў рўзи 24 октябр бо як гурўњи калони мусаллањ вориди Душанбе гардида, як ќатор биноњои маъмуриро дар пойтахт зери тасарруфи худ даровард. Чунон ки худи эшон дар китоби зикршудааш менависад, ваќте ки ў њамроњи Рустами Абдурањим субњи њамон рўз ба Хонаи радио омаданд, афсарони дивизияи 201 савори танк барои њимояаш омаданд. Њарду тавассути радиои љумњурї суханронї карданд. Зимни мурољиати худ ба мардуми шарифи Тољикистон Рустами Абдурањим, собиќ раиси Шўрои олї Сафаралї Кенљаевро президенти Тољикистон эълон кард. Аммо рўзи дигар нирўњои Кенљаев зери њамлаи шадиди нирўњои мухолиф ќарор гирифтанд ва дар натиља нафарони зиёд аз онњо ба њалокат расиданд. Гурўњи боќимонда, ки наздик ба 200 нафар мерасид, дар натиљаи гуфтушунид бо ёрии дивизияи 201 шањри Душанберо тарк карданд, вале дар торикии шаб аз љониби худињо дар пости Шоњамбарї мавриди њамла ќарор гирифтанд.Боз чандин нафари дигар љони худро аз даст доданд ва маљбур шуданд, ки боз ба Душанбе баргашта, рўзи дигар онро тарк кунанд.
Сарфи назар аз шикасти комил, Сафаралї Кенљаев дар китоби худ иддао мекунад, ки мањз дар натиљаи њамин лашкаркашии ў баргузории љаласаи 16-ум имконпазир гардид. Ин иддао каме шубњаовар ба назар мерасад. Чаро? Аввалан ба он хотир, ки лашкари шикастхўрда ултиматум гузошта наметавонад. Агар ултиматум њам гузошт, барои ѓолибон њељ ањамият надорад.
Ба њар њол, С.Кенљаев дар китоби худ менависад, ки ки гуё роњбарони Тољикистон А.Искандаров ва А. Абдуллољонов ваъда дода бошанд, ки рўзи 26-уми октябр љаласаи 16-уми Шўрои олиро дар Хуљанд даъват мекунанд. «Њамон рўз Акбаршоњ Искандаров бо командааш ба шањри Хуљанд барои иштирок намудан ба кори сессия наомад, агарчї то соати 16- и рўз 130 нафар депутатњои Шўрои олии љумњурї барои иштирок намудан дар кори сессия аз ќайд гузашта буданд. Аз љумла, депутатњои халќии љумњурї аз вилояти Кўлобу Ленинобод ва водии Њисор пурра љамъ омада буданд. Аз шањри Душанбе, вилояти Ќўрѓонтеппа, ноњияњои Ленину Ёвон, Кофарнињону водии Ќаротегин, ќисман. Соати 18 сессия ба кори худ шурўъ накард».
Ба навиштаи С.Кенљаев бояд љаласаи 16-уми Шўрои олї рўзи 26-уми октябр соати 17 ба кори худ оѓоз мекард, ки ин тавр нашуд. Собиќ раиси Шўрои олї дар китоби худ зикр кардааст, ки он рўз роњбарияти вилояти Ленинобод низ худи ўро њатто накофт. Ва њам шоми он рўзи 26-уми октябри соли 1992 А. Искандаров тавассути телевизиони Тољикистон суханронї карда, гуфт: «Сессияи 16-ми Шўрои олї дар Хуљанд баргузор намегардад. Дастаи сиёњкор бо роњбарии С.Кенљаев Душанберо ба хок яксон намуда, аз тарафи ќуввањои њукуматї ба маѓлубият дучор гардиданд. Дар натиљаи задухўрд садњо кас њалок гардид, сардори бандаи сиёњкор Сафаралї Кенљаев захмин захмин гардида, ѓайб зад». Дар идома С. Кенљаев навиштааст: «Њол он ки бо маслињати Искандаров 26-уми октябри соли 1992 маро бо тайёра ба шањри Хуљанд барои дар сессияи Шўрои олї ширкат варзидан оварданд». (китоби «Табаддулоти Тољикистон», љилди 3, сањ.194).
Агар воќеан чунин ќарордод шуда бошад, пас њадс задан мумкин аст, ки гўё гўл задаанд. Аммо ба назари ман, дигар тасмим даъвати љаласаи 16-уми Шўрои олї дар Тољикистон њал намешуд. Пас, кадом нирў буд, ки тавонист барои даъвати ин љаласа мусоидат кунад? Дар ин бора дар расонањои гурўњии Тољикистон камтар менависанд. Ин масъала рўзи 4-уми ноябри њамон сол зимни мулоќоти сарони кишварњои Осиёи Миёна ва Русия дар Алмаато њал гардид. Президентон Борис Елтсин, Нурсултон Назарбоев, Аскар Акаев ва Ислом Каримов тасмим гирифтанд, ки барои таъсиси як њукумати нав дар Тољикистон сањм гузоранд, зеро воќеањои моњњои охир ин кишварњоро низ ба ташвиш оварда буд. Алалхусус Кремл нигарон буд, зеро марзи Тољикистону Афѓонистонро марзи љанубии худ медонист.
Идома дорад
Нуралї Давлат