Саҳифаи асосӣ |

 Феҳрист
Тоҷикистон
Минтақа
ИДМ
Дар дунё
Сиёсат
Иқтисод
Иҷтимоъ
Фарҳанг
Варзиш


 МТЖ
Тадқиқоти таърихӣ
Тадқиқоти иҷтимоӣ
Тадқиқоти сиёсӣ
Тадқиқоти ҷиноӣ
Ҳизбҳои сиёсӣ
Хабар
Бойгонӣ
Дар бораи мо
Тамос


 Кӣ кӣ аст?

Фирори Иван – тоҷик аз Освенсим

Солњои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар майдони муњорибањои шадид бисёр фарзандони шердили Тоҷикистон қањрамона ња   >>>>>


 Назарсанҷӣ
Сиёсатмадори бадтарин
Путин
Исломов
Буш
дар сайт Google
 
  Ҳуҷуми ногахонӣ
4 ноябри соли 1998 дастаи қариб ҳазорнафараи Маҳмуд Худойбердиев, ки бо яроқҳои замонавии ҷангӣ мусаллаҳ буд, пиёда аз мавзеи Қашқасў ва ағбаи Қумбел гузашта, соати сеюними шаб ба ағбаи Шаҳристон расид. Он ҷо онҳо ба даҳ мошини «Кам АЗ» ва даҳ мошини сабукрав савор шуданд. Даста аз даҳ ротаи тирандоз, взводҳои минамётчиёну огнемётчиён, взводҳои зенитӣ ва алоқа, як ротаи кашшофӣ ва ғайра иборат буд.



4 ноябри соли 1998 дастаи қариб ҳазорнафараи Маҳмуд Худойбердиев, ки бо яроқҳои замонавии ҷангӣ мусаллаҳ буд, пиёда аз мавзеи Қашқасў ва ағбаи Қумбел гузашта, соати сеюними шаб ба ағбаи Шаҳристон расид. Он ҷо онҳо ба даҳ мошини «Кам АЗ» ва даҳ мошини сабукрав савор шуданд. Даста аз даҳ ротаи тирандоз, взводҳои минамётчиёну огнемётчиён, взводҳои зенитӣ ва алоқа, як ротаи кашшофӣ ва ғайра иборат буд.
Гурўҳи якум, ки аз 450-500 нафар иборат буд ва ба он худи Маҳмуд Худойбердиев сарварӣ мекарду сардори ситодаш Карим Маҷидов буд, ба самти шимол, сўйи маркази вилоят роҳ пеш гирифт.
Гурўҳи дуюми қариб дусаднафара, ки аз ду ротаи тирандоз ва ротаи инжинерию сапёрӣ иборат буд, тахти роҳбарии полковник Сергей Зваригин ба самти ноҳияи Айнӣ равон гашт ва чанде пас роҳи калони Душанбе-Хуҷандро то ағбаи Анзоб зери тасарруфи худ гирифт.
Гурўҳи якум бемамоният сўйи шимол пеш мерафт. Он бе душворӣ ва номаълум аз ҳудуди Шаҳристон гузашт ва фақат дар дидбонгоҳи Қаросаққол бори аввал ба муқобилияти сахт дучор шуд. Милисаҳои навбатдор ба муқобили даста тир кушоданд, вале магар қувваи гурўҳи ҳафтнафара ба ин дастаи пуриқтидори мусаллаҳ мерасид? Дар натиҷа, шаш корманди милиса ҳалок ва нафаре захмдор шуданд.
Даста дар дидбонгоҳ «боевик»-ҳои худро гузошта, роҳро давом дод. Дар дидбонгоҳи № 2, назди заводи равғани шаҳри Истаравшан, Нови ноҳияи Спитамен ва Деҳмойи ноҳияи Ҷ. Расулов даста як корманди милисаро кушта, 6 нафарро захмӣ намуданд ва ба дидбонгоҳҳо намояндагони худро гузоштанд. Сарбозони машқдида ҳамчунин чанд нафар нозирони бозрасии давлатии автомабилиро асир гирифтанд ва воситаҳои алоқаро мусодира карданд, то ки касе аз ташрифи онҳо ба маркази вилоят хабар дода натавонад. Вале нафаре дар теппаи «Рухак»-и даромадгоҳи ҷамоати Ёва, худро аз мошин партофта, даруни сой медарояд ва ба БДА-и вилоят хабар медиҳад, ки дастаи номаълум дидбонгоҳро ғасб намуда, онҳоро асир гирифтанд. Кадом даста, ғасбгарон чӣ ният доштанашонро вай дуруст фаҳмонида натавонист.
Дар дидбонгоҳи Деҳмой, даста ду тақсим шуд: гурўҳе сўйи шаҳри Чкалов, гурўҳе ба самти шаҳри Хуҷанд равон гаштанд. Ба гурўҳи якум Маҳмуд Худойбердиев, ба гурўҳи дуюм Карим Маҷидов сарварӣ мекарданд.
Сардори РКД - и вилоят, полковники милиса Абдурозиқ Ваҳҳобов нав аз хоб хеста риш метарошид, ки садои занги телефон баланд шуд. Гўшакро бардошта, овози шиноси навбатдорро шунид, ки боизтироб иттилоъ дод:
-Рафиқ сардор, хабар доданд, ки дар назди Горди Президентии шаҳри Чкалов гурўҳе тирпарронӣ мекунад.
-Кадом гурўҳ, ба муқобили кӣ тир мепаронанд, мақсадашон чист?
Дар ин бора навбатдор маълумоти кофӣ надошт.
-Мошин фиристед , ман ҳозир меравам,-гуфт ў.
Вай саросема либос пўшида, бо волидонаш хайрухўш карду берун баромад. Ҳаво салқин буд, боди сард мевазид, вай тугмаи нимтанаашро гузаронида, сўйи мошини хизматиаш, ки аз ҳамгашти кўча намоён шуд, равон гашт.
-Чӣ гап, тинҷӣ?- ба мошин нишаста пурсид ў аз ронанда.
Маълум шуд, ки вай ба гуфтаи навбатдор дигар чизе илова карда наметавонад. Сардор дигар суол накарда, ким - чӣ хел ноомадиеро ҳис мекард. Аз дил гузаронид, ки субҳи 4 ноябр ташвиш хеле барвақт оғоз ёфт, он чӣ рўзе мешуда бошад? Кӣ дар шаҳри Чкалов тирпарронӣ мекунад? Саволҳои беҷавоб дар сараш давр мезаданду давр мезаданд.
Ин дақиқаҳо гурўҳи 150 нафараи Маҳмуд Худойбердиев ба қароргоҳи Горди Президентӣ шабохун зада, идораи қисми ҳарбии 14356-и Вазорати мудофиаро муҳосира намуд. Гурўҳи дигари синафара, фурўдгоҳи шаҳри Хуҷандро (воқеъ дар шаҳри Чкалов) ғасб намуда, кормандонашро дар утоқе «ҳабс» карданд ва майдони ягонаи ҳавоии вилояти Суғдро зери тасарруфи худ гирифтанд. Дигар ба маркази вилояти Суғд ягон ҳавопаймо на парвоз карда метавонисту на фуруд омада.
Ҳамин тавр, даста гўё имкони аз Душанбе омадани қўшунҳои ҳукуматиро баст, вале дертар маълум шуд, ки ин хато будааст, тайёраҳо ба фурўдгоҳи дигари шаҳру ноҳияҳои вилоят нишаста метавонистанд…
Гурўҳи дигари М. Худойбердиев вориди шаҳри Хуҷанд гашта ба се самт: Раёсати корҳои дохилӣ, Раёсати вилоятии Вазорати амнияти миллӣ, қисми ҳарбии 3501 тақсим шуд. «Боевик»-ҳо, ки тақрибан 35 - 40 нафар буданд, навбатдорони РКД Амонову Саидовро парронданд. Садои тирро шунида, ҷонишини сардори шўъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, подполковники милиса Рашид Бобоев аз утоқи корӣ ба роҳрав баромад ва аз тири ба синааш расида, афтид. Ҳамин тавр, қисми ошёнаи якуми бинои РКД ба ихтиёри меҳмонони нохонда гузашт. 43 нафар милисаҳои дар раёсат буда ба муҳориба бархостанд. Тирпарронии тарафайн авҷ гирифт. Милисаҳои қисми навбатдорӣ, ки дар тарафи чапи бино ҷой гирифта буданд, мавқеъи қулайро ишғол намуда, сўйи «боевик»-ҳо тир мекушоданд. Онҳо масъулияти дар дўшашон бударо хуб мефаҳмиданд. Медонистанд, ки дар пасашон анбори силоҳ ҷой гирифтааст ва агар он ба даст ошўбгарон афтад, кор ранги дигар мегирад.
Ин дам гурўҳи дигари саднафараи М. Худойбердиев, таҳти фармондеҳии Карим Маҷидов, бе душворӣ қароргоҳи ҳарбии 3501-ро ишғол намуда, беш аз 60 нафар аскарону афсаронро асир гирифт ва полки зудамали шаҳри Хуҷандро, ки бояд амнияти маркази вилоятро таъмин менамуд, беяроқ кард.
Ошўбгарон тиру туфанги аз қисмҳои ҳарбӣ ғанимат гирифтаашонро дар шаҳрҳои Чкалову Хуҷанд ва ноҳияи Б. Ғафуров ба одамони худ тақсим намуда, шумораи тарафдоронашонро зиёд мекарданд.
А. Ваҳҳобов ҳанўз гумон дошт, ки кадом дастаи ҷиноятӣ соҳиби яроқ шуда, алайҳи дастаи дигар меҷангад, вале хабари навбатии навбатдор, ақидаи ўро тағйир дод.
-Рафиқ сардор, ба раёсат наоед, ин ҷо тахмин 30-40 нафар мардони яроқдор пайдо шуда, ошёнаи якумро гирифтанд, чанд касро куштанд ва сўйи анбор ҳуҷум мекунанд.
-Онҳо кистанду чӣ мехоҳанд?- пурсид полковник.
-Дуруст нафаҳмидем, ҳоло ҷонишинатон Юлчиев бо онҳо гуфтушунид дорад, баргардад, ҳамаашро хабар медиҳам.
-То омадани ман қисми навбатдориро ҳифз намоед, нагузоред, ки қадами нохалафе он ҷо расад.
Даста дар шаҳри Чкалов чанд иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқро ишғол намуд. Дар Горди Президентӣ ба онҳо Андрей Н. роҳбалад буд. Вай пештар ҳамин ҷо як сол хизмат карда буд ва чанде пеш барои яккаписар буданаш, аз хизмат озод шуд. Андрей пештар ба ҷосусӣ ҷалб шуда будаасту касе хабар надошт. Вай ҳар ваҷаби ин мавзеъро омўхтааст. Аз ҷумла, хонаи хоби афсарон, ҷойи нигоҳдории тиру туфанг, техникаи ҳарбиро хуб медонист.
Ба амалиётҳои даста дар шаҳри Чкалов М. Худойбердиев роҳбарӣ мекард, ба вай дар ин кор Нарзулло Дўстов ёрӣ медод. Ҳайати шахсии Горди Президентиро беяроқ намуда, саф оростанд. Дар назди афсарону аскарон Н. Дўстов баромад намуда, аввал сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро хеле танқид кард, баъд онҳоро даъват намуд, ки ошўбгаронро тарафдорӣ намоянд.
А. Ваҳҳобов ҳанўз андеша мекард, ки вай беҳуда супориш надод то қисми навбатдориро ҳифз намоянд. Зеро он ҷо анбори тиру туфанг ҷойгир буд. Бегонаҳо ба қисм дароянд, талафот калон мешуд, вазъият ҳам душвор мегашт. Қобилияти баланди фикрӣ мадад кард ва филфавр фикре дар сараш ҷой шуд, вай қарор дод, ки ба назди навбатдорон мераваду бо онҳо якҷоя яроқбонӣ мекунад. Вай бо ронанда назди бозори «Панҷшанбе» мошинро ба ҳавлие ҷой карда, сўйи бинои РКД давиданд. Полковник тахмин намуд, ки аз дари қафои раёсат ба бино даромадан мумкин. Гарчанде бегонаҳо биноро иҳота карда бошанд ҳам, ба қисми навбатдорӣ надаромадаанд, пас аз тирезаи қафо дохили бино шудан метавон.
Ҳарду паси девор истода, атрофро аз назар гузарониданд, садои берабти тир ба гўш мерасид, вале онҳоро касе надид, вагарна, сўяшон тир мекушоданд. Полковник назди тиреза омада, ба оина ангушт зад ва овоз баровард, ки вай сардор аст, ягон илоҷ карда дари қафо ё оинаро кушоянд. Ўро шинохтанд ва дарро кушоданд.
Лаҳзае пас, сардору ронандааш вориди қисми навбатдорӣ шуданд. Полковник ҳозиринро ҷамъ намуд, ҳамагӣ нўҳ нафар буданд. А. Ваҳҳобов онҳоро ба чор гурўҳ ҷудо карда фармуд, ки мавқеъ гиранд ва наздашон вазифаҳо гузошт.
Ў ҳамин ҷо фаҳмид, ки қисми РКД, Раёсати амнияти миллӣ, Горди Президентӣ, қисми ҳарбии 3501, фурўдгоҳи шаҳри Хуҷандро дастаи М. Худойбердиев зери тасарруфи худ гирифтааст.
Гурўҳи ба РКД даромада, чанд утоқи ошёнаи якумро забт намуд ва талаб кард, ки нафаре ба гуфтушунид барояд. Ҷонишини сардори РКД, полковники милиса Шавкат Юлчиев, ки навбатдори масъул буд, ҷасурона назди онҳо рафт. Гуфтушунид натиҷа набахшид. «Боевик»-е либоси саҳроӣ ба бар дошту рутбааш маълум набуд, дағалона амр кард, ки таслим шаванд.
-Шумо кистед? - ҷасурона пурсид полковник. -Аз куҷое омада, ин ҷо, дар идораи мо фармон медиҳед, беҳтараш яроқатонро гузошта, худатон таслим шавед, вагарна ҳамаатон маҳв мегардед.
Ошўбгарон калонгапӣ мекарданд, Шавкат Юлчиев бо вуҷуди дар иҳотаи онҳо будан, баландтар меомад. Чун диданд, ки полковники якрав гардан намефарорад, ўро гаравгон гирифта, ба кунҷи ошёнаи якум бурданду фармуданд, ки ҳамон ҷо истад, ягон қадам дур равад, мепарронанд…
Ромиши Фирдавс
(давом дорад)